Тухфахои вазорати энергетика ва саноати ЧТ ба мактабинтернатхо. Хар сол дар арафаи иду чашнхо Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳури ба хонахои кудакону мактабинтернатхо кумаки модди мерасонад. Тавре Точиннисо Азизова, котиби матбуотии вазорати энергетика ва саноати чумхури ба радиои «Ватан» хабар дод, тибқи супориши Гул Шералӣ, вазири энергетика ва саноати чумхури дар ҳамдастӣ бо ширкати «Тетис Петролиум»-и шаҳри Кулоб (раисаш Маҳмадназар Шарифов) ба 95 нафар тарбиятгирандаи хонаи бачагони "Танобчи"-и ноҳияи Темурмалик ба маблағи 7 ҳазору 676 сомони туҳфахои солинави аз чумла сарулибос ва пойафзол кумаки модди расонида шуд.
