Беш аз 1440 нафар силкасал! Чаро?

Беш аз 1440 нафар силкасал! Чаро?
23 ноября 2009

Дар нохияхои вилояти Хатлон беш аз 1 хазору 440 нафар гирифтори бемории сил ба кайд гирифта шудааст. Ин нукта дар рафти конфронсе ки барои пеширии ин бемори бахшида шуда буд, гуфта шуд. Хамзамон ба иттилои Мирзоали Миралиев- сардори раёсати тандурустии вилояти Хатлон бемории сил дар нохияхои Восе, Кулоб, Темурмалик, Муминобод ва Хамадони хуруч кардааст. Миралиев афзуд, ки аз огози соли чори дар минтакаи мазкур расман 1 хазору 446 нафар мубталои бемории сил, ки аз ин нишондод 767 нафарашонро мард, 561 -зан ва 118 кудаки то сини 14 ташкил медихад, ба кайд гирифта шуд. Бояд гуфт дар кори конфронс намояндагони созмони байналмилали ХОУП, хукуматхои махалли, имом-хотибони масчидхо ва ахли зиё иштирок карданд. Ба акидаи иштирокчиёни чорабини, сабаби аслии пахншавии бемории сил -ин фаъолияти нодурусти беморхона ва диспансери беморихои сил будааст. Феълан дар минтакаи Кулоб як беморхонаи вилояти, 5 беморхонаи нохияви, 3 муассисаи табобати барои кудакон ва 10 маркази мубориза бо бемории сил фаъолият мекунад.

Наверх Назад

12:10
Каждый день

«Мы желаем счастья Вам»
Звоните нам каждый день и поздравляйте родных и близких Вам людей!

08 ИЮНЯ

ЧАЧ-2010