24 март рузи умумичахонии мубориза алайхи бемории сил аст... Абдукарим Шехов, раҳбари Маркази чумҳуриявии мубориза алайҳи сил, тайи як нишасти хабари гуфт, ҳоло дар кишвар ҳудуди 14 ҳазор нафар аз бемории сил ранч мебаранд. Дар соли гузашта ҳудуди 450 нафар гирифтори ин беморӣ даргузаштаанд. Вай афзуд, ҳодисаҳои ошкор намудани беморон нисбат ба соли 2009 ҳудудан 2 дарсад афзуда ва бинобар маблағгузории созмонҳои байналмилалӣ шароит ва имконоти ташхис таввасути тахизоти муоссир дастрас шудааст. Ростислав Вербенский, раҳбари Барномаи Рушди Созмони Милал дар Тоҷикистон, гуфт, Бунёди глобалии мубориза бо сил дар Точикистон барои панч сол 31 миллион доллар маблағгузорӣ кардааст. Вай мегӯяд, як иллати аслии густариши ин беморӣ дар чомеаи Точикистон, набуди иттилои кофӣ дар бораи роҳҳои сироятёбӣ ба сил будааст. Аз ин рӯ, онҳо дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ тавонистаанд, ки 100 ҳазор нафарро ба давраҳои омузишӣ фаро бигиранд. Зоҳир Абдуллоев, муовини раҳбари Маркази ҷумҳуриявии мубориза бо сил дар Тоҷикистон, мегӯяд, ахиран дар зиндонҳои кишвар 154 нафар беморон ба қайд гирифта шудаанд, ки 93 нафари онҳо ба тозагӣ сироят ёфта ва боқимонда такроран бемор шудаанд. ББС
