Камоли бемасъулияти Хадамоти гумруки Точикистон беш аз 531 кило шираи камолро ошкор карданд. CA-news иттилоъ додаст, ки кормандони гумруки Панчи поён дар марз бо Афгонистон дар худуди нохияи Кумсангир дар пайи як амалиёти фаври-чустучуи мошини тамгаи Toyota Land Cruiser-ро, ки ба сокини пойтахт Рустам Азимов тааллук дошт, боздоштанд. Хангоми азназаргузарони аз дохили он зарфхои пур аз шираи камол ёфт шуд. Дар холи хози аз руи ин далел парвандаи чинои боз шуда, тафтиш идома дорад. Ёдрас мешавем, ки мохи сентябри соли 2008 бо карори Хукумати Точикистон чамъовари ва содироти шираи камол манъ гардид. Охири хамон сол ба конун «дар бораи манъи чамъовари ва содироти шираи камол» як катор тагиру иловахо ворид карда шуд. Мувофики он барои чамъовари ва содироти гайриконунии шираи камол дар намуди махрумият аз озоди ба мухлати 2 сол мукаррар шудааст. Соли 2009 дар 11 нохияи Маркази ва чанубии чумхури барои парвариши ин намуди растани беш аз 2 хазор га киъаи замин чудо шуда буд. Бояд гуфт дар чумхури якчанд намуди ин растани, ки ба оилаи растанихои соябон дохил мешавад, парвариш меёбанд. Шираи камол аслан дар баландихои 1200-1300 метр аз сатхи бахр меруяд. Тибки маълумоти бархе хабаргузорихо нархи як кило шираи камол дар Афгонистон 50 доллари амрикои аст.
