Дар натичаи сангчарх дар шохрохи Душанбе-Хучанд 3 нафар чони худро аз даст доданд. Кумитаи холатхои фавкуллода ва мудофиаи граждании чумхури иттилоъ додааст, ки резиши санг 13 март дар км 101-уми рохи мошингард ба вукуъ пайвастааст. Бар асари ин ходиса мошини тамгаи муссо ки дохилаш 5 нафар карор дошт, ба дарёи Фон сарозер рафтааст. Манбаъ афзудааст, ки мусофирони мошин Ёрмурод Алимуродов ва Мехрона Рахмонова дар холати вазнин ба беморхона бурда шуданд. Хангоми корхои начотдихи кормандони кумитаи холатхои фавкуллода часадхои ронандаи мошин Хайрулло Саидова ва мусофир Рахмон Чалоловро пайдо карданд. Часади як нафари дигар бошад то кунун пайдо нашудааст.
