Сафирони Киргизистон дар Амрико, Русия ва Олмон аз вазифахояшон сабукдуш шуданд Хукумати муваккатии Киргизистон сафиронаш дар Амрико, Русия ва Олмонро аз макомхояшон озод кард. Гуфта мешавад, хукумати феъли дируз бародари хурдии президенти Киргизистон Марат Бокиевро аз сафорат дар Олмон барканор кард. У хамчунин давлати Киргизистонро дар норвегия намояндаги мекард. Хамчунин сафирони Киргизистон дар Русия Раимкул Отакуров ва дар Амрико Замир Сидиков аз вазифа озод шуданд. «Кабар».
