Рузномахои Эстония бо нишони эътироз алайхи пешниходи лоихаи конуни Вазорати адлия, ки ба гуфтаи хабарнигорон озодии матбуотро махдуд мекунад, имруз бо сахафоти холи ба нашр расиданд. Гуфта мешавад дар эътирози мазкур нашароти Postimees, Eesti Paevaleht, Ohtuleht, Eesti Ekspress ва Maaleht иштирок доштанд, ки дар хар кадоми онхо, дасти кам, бо як сахифаи холи ба табъ расидааст. Тибки лоихаи пешниходкардаи Вазорати адлияи ин кишвар дар бораи хифзи манбаи иттилоот, журналист вазифадор аст, ки дар холати зурури манбаи худро фош кунад, яъне, хабарнигор аз химояи мусохибе, ки аз бурдани ном худдори мекунад, махрум мешавад. Барои пушидани номи манбаъ муаллифро чаримаи пули ва хатто хабс кардан интизор мебошад.
