Роххои мошингарди пойтахт муваккатан баста мешаванд.

Роххои мошингарди пойтахт муваккатан баста мешаванд.
5 февраля 2010

Аз имруз харакати воситахои наклиёти дар бархе аз роххои мошингарди пойтахт мувакатан манъ карда мешавад. Тавре аз хадамоти матбуотии раиси шахр ба радиои "Ватан" иттилоъ доданд, бо максади амали намудани таъмиру азнавсозии роххои автомобилгарди шахри Душанбе ва бехбуд бахшидани холати техникии онхо тибќи Ќарори Раиси шахри Душанбе №22 аз 3 феврали соли 2010 «Дар бораи чорахо оид ба таъмини бехатарии харакат дар кўчахои пойтахт бинобар сабаби гузаронидани корхои таъмири асосии роххо» дар кўчахои зерин муваккатан харакати наклиёт манъ карда мешавад. - кисмати шаркии рохи автомобилгарди кўчаи Н.Ќарабоев (аз хиёбони С.Шерози то бурриши кўчаи Абай ва аз бурриши кўчаи Дехоти то бурриши кўчаи Чоми) самти харакат ба самти кўчахои Р.Набиев, Борбад, Шестопавлов, Сохили, Чоми, Дехоти, Абай ва Ќаххоров аз 5 феврал то 30 июни соли 2010; - кўчаи Сино (аз бурриши кўчаи Карамов то халќаи хиёбони И.Сомони) самти харакат ба самти кўчаи Карамов ва хиёбони И.Сомони аз 5 феврал то 1 майи соли 2010; - кўчаи Шотемур (аз бурриши хиёбони Рўдаки то халќаи кўчаи Дўстии Халќхо)» самти харакат ба самти кўчахои М.Турсунзода, Бохтар, Ш.Руставели, Ф.Ниёзи, Пушкин, Дўстии халќхо, Лохути, Телман, Мехнат, Захматобод, Бухоро аз 5 феврал то 25 апрели соли 2010. Маврид ба зикр аст, ки таъмири асосии ќисмати шарќии рохи автомобилгарди кўчаи Н.Ќарабоев (аз хиёбони С.Шерози то бурриши кўчаи Абай ва аз бурриши кўчаи Дехоти то бурриши кўчаи Чоми) 2,84 км аз чониби Кооперативи истехсолии «Рохсоз» ба маблаги 4305,2 хазор сомони, таъмири асосии кўчаи Сино (аз бурриши кўчаи Карамов то халќаи хиёбони И.Сомони) 1,3 км аз чониби ЧДММ «Идеал-Сервис» ба маблаѓи 4754,4 хазор сомони ва таъмири асосии кўчаи Шотемур (аз бурриши хиёбони Рўдаки то халќаи кўчаи Дўстии Халќхо)» 1,23 км аз чониби ЧДММ «Компания рохсоз-7» ба маблаѓи 3901,95 хазор сомони дар мўхлатхои муќарраргардида анчом дода мешавад. Зимнан, шахрдори аз ронандагони воситахои наќлиёт ва истифодабарандагони он хохиш менамояд, ки хангоми таъмири роххо дар кўчахои номбурда аз роххои хамшафати он истифода бурда, нисбати амалкарди мазкур, ки барои ободонии роххо нигаронида шудааст бо хусни тафохум муносибат намоянд.

Наверх Назад

12:10
Каждый день

«Мы желаем счастья Вам»
Звоните нам каждый день и поздравляйте родных и близких Вам людей!