Сарвари хочаги бо иттихоми ришваситони боздошт гардид... Дар шимоли Точикистон як нафар сарвари хочаги ба номи Эначон Бойматови нохияи Конибодом барои аз худ кардани беш аз 1 млн доллар муттахам мешавад. Хабар дода мешавад, ки С.Чулпонов дар гайриконуни чудо кардани 100 га китъаи замин гунахкор хисобида мешавад. Юсуф РАхмонов прокурори вилояти Сугд иттилоъ дода, ки Чулпонов бар ивази чудо кардани китъахои замин 9, 8 хазор тонна сузишвории дизели ва беш аз 1 млн доллари амрикоиро аз 700 сокини нохияи Конибодом аз худ кардааст. Рахмонов хамчунин таъкид кард, ки 100 га замине ки Чулпонов барои сокинон чудо кардааст, сохтани манзил дар ин китъа катъиян манъ аст, зеро ба гуфтаи вай аз ин минтака хатхои баландшидати барк ва кубурхои газ гузаронида мешавад. Иттилоъ дода мешавад ки давоми шаш мохи охир дар вилояти Сугд якчанд конуншикании марбут ба чудокунии замин ба кайд гирифта шуда, 866 нафар ба чавобгарии маъмури ва интизоми кашида шуданд. Авесто.
