Роспотребнадзор-воридоти чормагз ва хар гунаи меваи хушкро аз Точикистон ба Русия муваккатан манъ кардааст. Хабаргузории Лента.ру бо такя ба Геннадий Онишенко, раиси Идораи назорат бар иҷрои ҳуқуқи масрафкунандагон ва вазъияти беҳдории умумии Русия, хабар дода, афзудааст, ки ин амр бо сабаби хуручи бемории фалачи кудак дар Точикитсон гирифта шдуааст. Дар мактуби Генаддий Онишенко сардухтури беҳдории Русия унвонии раёсатхои ин идора навишта шудааст, ки имкони хуручи ин вируси вахши дар худуди Русия вучуд дорад, аз чумла ин вирус метавонад, тавассути мевахои хушконидашуда, аз чумла чормагз ва дигар намуд ки бидуни коркард бо гизо омехта карда мешавад, ба инсон сироят ёбад. Хамзамон тибки Созмони чахонии тнадурурсти то охири мохи апрел дар Точикистон 171 мавриди бемории фалачи вахши, аз чумла 168 холат миёни кудакони то 15 сола ба кайд гирифт ашудааст, ки дар натича 12 кудак аз бемории полиомиелит чони худро аз даст доданд. Дар хамин хол Шамсидин Чобиров сарвари маркази пешгирии беморихои сирояти хабар дод, ки маъракаи оммавии эмкунии кудакони то 5 сола алайхи бемории фалачи кудак дар Точикистон идома дорад. Маъракаи эмкуни аз 1 май шуруъ шуда он се давраро дар бар мегирад. Давраи аввал аз 1-уми май то 8-уми май, давраи дуввум аз 18-то 22-юми май ва давраи сеюм аз 1 то 5-уми июни соли чориро дарбар мегирад. Ба гуфтаи Шамсиддин Чобиров дар Точикистон аз ин бемори танхо як нафар ба халокат расидааст. Ёдрас мешавем, ки чанде пештар ЮНИСЕФ ва Созмони чахонии тандурусти бахри пешгирии бемории полиомиелит ба ТОчикистон 4 млн ваксина оварданд.
