Имруз аз таъсиси нахустин рузномаи точикии Бухорои Шариф 99 сол пур мешавад... 11-уми март ба шарафи нашри нахустин рузномаи точикӣ дар тақвимҳои кишвар ҳамчун Рузи матбуот дарч шудааст. Бино ба омори расмии Вазорати фарҳанг, феълан дар майдони матбуоти точик беш аз 400 расона, бо шумули 268 рузнома, 136 мачалла ва 8 хабаргузорӣ расман амал мекунанд. Имрӯз бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Театри академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ чорабинии идона баргузор мегардад.
