Кумаки Чопон ба Точикистон

Кумаки Чопон ба Точикистон
24 ноября 2009

Хукумати Чопон маблаѓи 3 миллион доллари ИМА кўмаки саховатмандона бо маќсади кўмак барои гурўххои осебпазир ба Чумхурии Точикистон чудо намуд.

Имрўз дар Душанбе аз тарафи Барномаи Озукаи Чахонии (БОЧ) Созмони Миллали Муттахид ва Хукумати Чопон шартнома оид ба чудо намудани гранти нав ба маблаѓи 300,000,000 йени чопони (3 миллион доллар) имзо карда шуд. Ин сахмгузори барои кўмак ба гурўххоои осебпазир дар Чумхурии Точикистон сафарбар карда мешавад. Аз номи Хукумати Чопон чаноби Тотсука Шинчи, чонишини рохбари намояндагии Очонсии Чопон оид ба Хамкории Байналхалки (JICA) дар Узбекистон ва хонум Алзира Ферейра Намоянда/Директори БОЧ дар Чумхурии Точикистон шартномаи грантиро имзо намуданд. Ин кўмаки бегаразона, ки имрўз кувваи конуни пайдо кард аз чониби БОЧ барои харидории орди гандум ва махсулоти лубиёги истифода карда мешавад. Маводи дастрасшуда барои барномахои кўмак ба зарадидагони офатхои таббии, хўрока барои мактаббачагон, маризони сил ва аъзои оилаи онхо; оилаи камбизоати дар дехот дар фаслхои мушкили сол; ва кўдаконе, ки аз норасоии гизо танќиси мекашанд бо хамрохии модархояшон сарф мешавад. «Мо аз Хукумат ва мардуми Чопон барои ин кўмаки назаррас ба фаъолияти БОЧ миннатдории беандозаи худро изхор медорем» мегўяд хонум Ферейра. «Чопон дар тўли чандин сол худро хамчун кўмакрaсони кавии БОЧ ва Точикистон нишон дод». Чаноби Шинчи кайд кард, ки ба ояндаи дўрахшони мардуми Точикистон боварии комил дорад хусусан ба ояндаи кўдаконе ки айни замон дар мактабхо хўроки гизонок истеъмол карда хамзамон сабак аз худ мекунанд. «Точикистон сохиби кафолат ба рушд хохад буд агар мо тавонем барои таъмини бехдошти шахси дар ин мамлакати мухими Осиёи Маркази сахмгузори намоем» илова намуд чаноби Шинчи. БОЧ ба муносибати ба воситаи рохи охан ворид шудани орди гандуми аз Чумхурии Казокистон, ки бо маблаггузории пештараи Чопон, ки маблаѓи он ба 450 миллион йен (4.7 миллион доллар) баробар аст, «кабули расми»-ро ташкил мекунад. Хамаи хабарнигорон барои иштирок дар ин чорабини, ки дар анбори БОЧ рўзи чумъа, санаи 27 Ноябри 2009, соати 10:00 дар суроѓаи кўчаи Чортеппа 44, Нури Нав дар анборхои ба Куммитаи Холатхои Фавкулода тааллук дошта, сурат мегирад, даъват карда мешаванд. Дар ин бора ба радиои Ватан Азам Бахоров ассистенти Барномаи Озукаи Чахонии СММ дар шахри Душанбе хабар дод.

    акс: www.peaceoneday.org/.../Saving_Lives_WFP.jpg

Наверх Назад

12:10
Каждый день

«Мы желаем счастья Вам»
Звоните нам каждый день и поздравляйте родных и близких Вам людей!