Соли 2009 дар вилояти Хатлон беш аз 32 кило маводи мухаддир ёфт ва мусодира шудааст. Хабаргузории Авесто бо такя ба раёсати гумруки вилоят иттилоъ додаст, ки соли гузашта дар худуди вилояти Хатлон 650 ходисаи вайрон кардани коидахои гумрук ба кайд гирифта шуд. Нисбат ба конунвайронкунандахо чорахои маъмури андешида шуда, аз руи 10 далел парвандахои чинои боз шудааст. Хамчунин кормандони раёсати гумруки вилояти Хатлон аз гардиши гайриконуни беш аз 32 кило моддахои нашъаоварро ёфт ва мусодира карданд. Бояд гуфт дируз 26 январ рузи умумичахонии гумрукчиён кайд карда шуд.
