Рузхои 6-7-уми январи соли 2010 Махмуди Ахмадинажод президенти Чумхурии Исломии Эрон ба Точикистон хохад омад. Тавре аз маркази матбуотии сафорати Эрон дар Точикистон ба радиои "Ватан" иттилоъ доданд, дар чараёни сафар Маҳмуди Аҳмадинажод бо сарвари давлати Точикистон Эмомали Рахмон мулокот анчом дода чонибхо масоли рушди муносибатхои хар ду кишварро барраси хоханд кард. Гуфта мешавад, дар ҷараёни сафар хамчунин таҳияи чанд лоиҳа ва санад барои баррасӣ ва имзои сарони ду кишвар дар назар аст. Хамчунин очонсии иттилоотии "Форс" иттилоъ додаст, ки президенти Эрон Махмуди Ахмадинажод сараввал 5-6-уми январ бо даъвати президенти Туркманистон Курбонгули Бердимухаммадов аз Туркманистон дидан карда, хамчунин дар маросими ифтитохи кубурхои гази, ки тавассути он гази туркмани ба Эрон ворид мешавад, иштирок хохад кард.
