ВКД-и чумхури аз боздошти Абдурасул Мирзоев хабар дод...

ВКД-и чумхури аз боздошти Абдурасул Мирзоев хабар дод...
7 сентября 2010

Абдурасул Мирзоев яке аз 25 фирории боздоштгохи муваккатии КДАМ-и кишвар дастгир гардид... Абдурасул Мирзоев, бародари фармондеҳи собиқи Горди милии Тоҷикистон Ғаффор Мирзоев ва яке аз 25 фирории боздошгоҳи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллии кишвар субҳи дируз боздошт шуд. Муҳамадҷон Нарзиев, масъули матбуотии вазорати корхои дохилаи Тоҷикиcтон иттилоъ дод, ки Абдуррасул Мирзоев дар қаламрави ноҳияи Файзобод, аз чониби нерӯҳои интизомии кишвар ба даст афтодааст. Аммо бино ба навиштаи хбаргузории Авесто Абдурасул Мирзоев дар дехаи Кули нохияи Вахдат дастгир шудааст. Гуфта мешавад Абдурасул Мирзоев бо ҳукми Додгоҳи олии Тоҷикистон ба 30 соли зиндон маҳкум шудааст. Вай шаби 23 август аз боздошгоҳи кумитаи амнияти милли Тоҷикистон бо 24 нафари дигар фирор кард. Абдурасул Мирзоев, бародари Ғаффор Мирзоев соли гузашта дар Имороти Муттаҳидаи Араб боздошт ва дар аввали имсол ба Душанбе истирдод шуд. Ӯ дар ҳудуди як моҳи пеш, аз сӯи Додгоҳи олии Тоҷикистон барои ҳифзи ғайриқонунии аслиҳа, таҳияи табаддулоти давлатӣ, ғоратгарӣ ва гаравгонгирӣ ба 30 соли зиндон маҳкум шуда буд. Бояд гуфт кабл аз ӯ, Иброҳим Насриддинов, ки яке аз се созмондиҳандаи фирор унвон мешуд, дар ноҳияи Ваҳдат боздошт шуд. Иброҳим Насриддинов рӯзи 2-уми сентиябр дар натичаи як амалиёти неруҳои интизомии ба даст афтода буд. Насриддинов муллақаб ба "Қори Иброҳим" бар асоси моддаҳои марбут ба сӯйиқасд, куштор ва ғайриқонунӣ бо худ доштани силоҳи оташфишон ба мӯҳлати 23 сол маҳкум ба зиндон шуда буд. Вале дар марвиди 23 фирории дигар то кунун маълумот нест.

Наверх Назад

12:10
Каждый день

«Мы желаем счастья Вам»
Звоните нам каждый день и поздравляйте родных и близких Вам людей!