Маблаги аз фуруши сахмияхо ба даст омада эълон хохад шуд

Маблаги аз фуруши сахмияхо ба даст омада эълон хохад шуд
26 января 2010

Карзи хоричии Точикистон 1 млрд. 691,3 миллион $

Вазорати молияи чумхури соли 2009 бо максади паст кардани таъсири шиддатнокии бухрони молиявии чахони ба иктисодиёти кишвар чорабинихои зиддибухрониро тахия намуд ва барои амали шудани онхо тадбирхои зарури андешид. Вазири молия Сафарали Начмиддинов дар чамъи хабарнигорон соли сипаригаштаро новобаста аз таъсири бухрони молиявии чахони ба иктисодиёти мамлакат, нишондихандахои макроиктисоди, вазъи молияви ва таъмини сиёсати ичтимоию иктисоди мусби арзёби кард. Натичахои пешакии рушди иктисодию ичтимоии мамлакат нишон дод, ки дар соли 2009 хачми мачмуи махсулоти дохили 20,6 млрд. сомониро ташкил дода, афзоиши реалии он ба 3,4 фоиз баробар гардид, ки ин нисбат ба соли 2008 3 млрд. сомони ё 17,1 фоиз зиёд мебошад. Дар нишасти матбуоти дар бораи микдори маблаги аз фуруши сахмияхои НБО Рогун ба даст омада маълумот дода нашуд. Сафарали Начмиддинов изхор дошт, ки ин маълумот пас аз як мохи огози фуруши сахмияхо садо хоњад дод: «Дар саросари кишвар 770 нуктаи фуруши сахмияхо кушода шудааст. Хамаи маълумот дар бораи фуруши сахмияхо ва сертификатхои НБО Рогун баъди як мох аз огози фуруши он чамъбаст гардида, баъдан эълон хохад шуд.» Ёдовар мешавем, маросими фуруши сахмияхо 6 январ шуруъ шуда буд. Вазир кайд кард, ки мувофики Карори Хукумати Чумхурии Точикистон ба чузъ аз БДА "Амонатбонк" ва Вазорати молия бонкхои тичорати низ ба фуруши сахмияхои НБО Рогун машгуланд. Ба гуфтаи С.Начмиддинов барои чопи сахмия ва сертификатхои НБО Рогун 4 миллион сомони масраф шудааст. Тибки фармоиш ин когазхои киматбахо аз Русия оварда шуда, дар Точикистон нашр шудаанд. Вазир вобаста ба сохтмони НБО Рогун афзуд, ки солхои 2007-2008 аз бучаи давлат барои бунёди ин иншооти азим 150 миллион сомони ва соли 2009 532 миллион сомони сарф шудааст. Имсол бошад бо ин максад 650 миллион сомони чудо гардидааст. Дар нишасти матбуоти кайд гардид, ки карзи хоричии Чумхурии Точикистон то 1 январи соли 2010 1 млрд. 691,3 миллион доллари амрикоиро ташкил медихад, ки ин нисбат ба мачмуи махсулоти дохили 35,8 фоиз мебошад.

акс: minfin.tj/.../2009-04/1240805470_p1040437.jpg

Наверх Назад

12:10
Каждый день

«Мы желаем счастья Вам»
Звоните нам каждый день и поздравляйте родных и близких Вам людей!