Дар шахри Душанбе ширкати хоричие горат шудааст. Аз маркази матбуотии РКД-и шахри Душанбе ба радиои «Ватан» иттилоъ доданд, ки 12 декабри соли чори шахсони номаълуме ба ширкати Анкатрейдинг вокеъ дар кучаи Пушкин 14 ворид шуда, дасту пои посбони ончоро бо истифода аз скоч баста, сейферо ки дохилаш 54 хазор сомон ива 540 доллари амркиои буд, гирифта, аз чои ходиса гайб мезананд. Кормандони милиса маълум карданд, ки чинояти мазкурро 4 шахрванди кишвар содир карданд. Дар холи хозир се нафар дастгир карда шуда, якеи дигар бошад дар кофтуков карор дорад. Гуфта шуд, ки маблагхои дуздидашуда, кисман ёфт гардида, айни хол нисбат ба ин ходиса парвандаи чинои боз шуда, тафтиш идома дорад.
