Хукумати Бразилия бори нахуст ба Барномаи Озукаи Чахони (БОЧ) дар Точикистон хадяи башардўстона баробар ба 50.000 доллари ИМА чудо намуд. Тавре Азам Бахоров хамохангсози Барномаи Озукаи Чахони ба радиои Ватан хабар дод, ин маблаг барои кўмак ба зарардидагони селхои бахори сарф карда мешавад. Ин матлаб дар рафти пазироии сафири нави Бразилия дар Точкистон, чаноби Алфредо Леони, ки барои супоридани эътиборнома ба хукумати Точикистон омада буд, эълон карда шуд. Сафир Леони дар Исломобод кору фаъолият намуда масъули равобит бо Точикистон мебошад. «Мо аз он ифтихор дорем, ки Бразилия махз БОЧ-ро барои расонидани кўмаки худ ба Точикистон интихоб намуд» мегўяд сухангўи БОЧ, хонум Алзира Ферейра. «Бразилия ба яке аз донорхои мухими БОЧ дар давоми солхои охир мубаддал гаштаст ва мо аз дидани нишоне аз ин мамлакати Америкаи Шимоли дар Осиёи Маркази хушнудем. Аз соли 2007 инчониб, Бразилия маблаги 17 миллион доллари Амрикоиро ба БОЧ сахмгузори намудааст, ки 2.2 миллиони он барои рушди Барномаи «Хўрока барои мактаббачагон» дар тамоми мамолики олам сарф шудааст. Бразилия дар чахон барномаи бузургтарини миллии «хўрока барои мактаббачагон»-ро барои 34 миллион хонанда амали карда истодааст. Сиёсати «холи аз гуруснаги»-и Хукумати Бразили ба расонидани хизматхои заминавии ичтимои барои 90 миллион ахолии мамлакат ноил шудааст. Дар Точикистон бошад, БОЧ ба 360,000 кўдакони синфхои ибтидои хўроки нисфирўзи мерасонад, ки ин 70% мактаббачагони дехоти мамлакатро ташкил медихад. Барномаи «Хўрока барои мактабачагон» фаъолияти асосии БОЧ дар Точикистон махсуб мешавад. «Мо кўшиш мекунем то хамкорихои худро барои манфиати мардуми камбизоати Точикистон бо Хукумати Бразилия боз хам сайкал дихем» ќайд кард хонум Ферейра. Бразилия дорои иќтисодиёт бо суръат пешравандаи чахони буда зина ба зина, ба яке аз донорхои асоси дар барномахои кўмаки башардўстона ва тарраќиётии СММ мубаддал мегардад. То ин дам дар соли 2009, Бразилия донори калонтари БОЧ миёни мамлакатхои Америкаи Лотини хисобида мешавад. Бояд гуфт Барнома Озукаи Чахони ташкилоти бузургарини башардўстонаи чахон буда бо гуруснаги дар тамоми олам мубориза мебарад. БОЧ накша дорад ба 108 миллион одамон дар 74 мамлакати олам дар давоми соли 2009 кўмаки озўкавори расонад.
