Марадона тими миллии кишварашро тарк кард... Диего Марадона пас аз рафтан аз макоми сармурабии тими футболи Аргентина худро норохат ва фиребхурда эхсос мекунад. Бояд гуфт, Ассотсиатсияи футболи Аргентина ба кароре омад, ки мухлати шартномаро бо Марадона тамдид намекунад. Марадона изхор дошта, ки Хулио грондон рохбари Ассотсиатсияи футболи Аргентина маро фиреб дода, Карлос Билардо менечери тими милли бошад нисбат ба ман хиёнат кардааст. Билардо каблан изхор дошта буд, ки дар сурати аз макоми сармураби канор рафтани Диего у низ меравад, вале ин корро накард.
